Сенатор Lindsey Graham дар гуфтугӯ бо шабакаи « Fox News » фош кард Доналд Трамп дар нишастӣ бо қонӯнгузорон Ҷумҳурихоҳ , аз « гузинаи амалиёти маҳдиди низомӣ » алайҳи Венесуэла ва ҳатто Колумбия сухан гуфтааст .
Афзоиши таҳаррукоти низомии Амрико барои ҳамла ба Венесуэла , бори дигар хотираи куҳнаи мудохилоти Вашингтон дар Амрикои лотинро зинда кардааст . Граҳам гуфт , раиси ҷумҳӯри Амрико ба ин натиҷаи расида ки замони канор рафтани Николас Мадуро аз қудрат « фаро расидааст » . Дар дарёии Караиб , новҳои амрикоӣ бо парчами мубориза бо кортлҳои маводи мухаддир мустақар шудаанд , аммо ба ривояти торнамои Axios , ҳадафи воқеии ин ҳузур , « афзоиши фишори низомӣ бар Каракас »аст . Ин иқдом , ба боварии бисёре аз таҳлилгарон , метавонад оғозгари марҳалаи тозае аз сиёсати мудохилаҷӯёнаи Вашингтон дар ними кураи ғарбӣ бошад .
Нашрияи Ниюзвик дар гузориши таҳлилӣ менависад : « Таҳдидҳои фазояндаи Трамп алайҳи Венесуэла ва ҳамалоти Амрико ба шиноварҳои ин кишвар дар Караиб , нишонаи бозгашти сиёсати мудохилагароёнаи Иёлоти Муттаҳида дар Амрикои ҷанӯбӣ аст . Сиёсате, ки реша дар Monroe Doctorine дорад . » Monroe Doctorine дар қарни нӯздаҳум ба унвони сипарӣ дар баробари нуфузи қудратҳои аврупоӣ муаррифӣ шуд . Ин докторин дар тӯли замон ба абзорӣ барои тавҷеҳи султаи сиёсӣ ва низомии Вашингтон бар Амрикои лотин табдил гардид . Дахолат дар ҷудои Панама аз Колумбия , ишғоли низомии кишварҳои атрофи канали Панама ва ҳимоят аз кудетаҳои зиди ҳукӯматҳои мардумӣ дар Чиле ва Бразилия танҳо бахше аз феҳристи баланди мудохилоти Амрико аст .
Аз даврони ҷанги сард ба ин сӯ , маъмурияти Вашингтон аз « муқобила бо Аврупо » ба « саркӯбии ҷунбишҳои сотсиалистӣ » тағйир ёфт . Ҳимоят аз кудетои 1973 Чиле ва пуштибонӣ аз амалиёти « кундур » дар Аргентина ва Уругуай нишон дод ки иёлоти муттаҳида бо ҳимоят аз диктаторҳои низомӣ ва сарнагӯнии ҳукӯматҳои мардумӣ ба дунболи ҳифзи султаи худ ба ҳар қиматӣ аст . Улгӯи мудохилагароӣ дар даҳаҳои 1980 ва 1990 низ идома ёфт . Ҳамлаи мустақим ба Панама дар соли 1989 барои сарнигӯнии генерал Manuel Antonio Noriega ба баҳонаи мубориза бо маводи мухаддир нуқтаи авҷи ин мудохилот буд . Вашингтон он амалиётро пирӯзии сариъ ҷилва дод , аммо натиҷаи воқеӣ , вайронии маҳаллаҳои фақирнишин , марги садҳо ғайринизомӣ ва тадовуми бесаботӣ дар Панама буд .
Дар ҳамин замина , Ню-Йорки Таймс ба таҳлили Деннис М Ҳогон, устоди таърихи донишгоҳи Ҳарвард , ишора карда ки ҳушдор медиҳад : « Вашингтон набояд тасаввур кунад метавонад кориро ки дар соли 1989 бо Панама кард , дар Венесуэла такрор кунад . » ба гуфтаи ӯ , тафовутҳои бунёдини миёни ин ду кишвар аз вусъату ҷамъият гирифта то зарфияти низомӣ ва манобеи энергии чунин сенарияеро пурҳазина ва ғайриқобилии пешбинӣ мекунад . Ҳогон ёдовар мешавад : « Ончӣ дар зоҳири амалиёт мубориза бо қочоқи маводи мухаддир хонда мешавад , дар воқеъ бахше аз корзор барои тағйири режим дар Каракаса ст . » Ӯтаъкӣд мекунад ки ҳадафи воқеӣ , беш аз онкӣ амнияти бошад , сиёсӣ ва таблиғотӣ аст ва талоше барои ҷалби ҳимояти ҷиноҳҳои ростгарои дохилӣ ва инҳирофи афкори умумӣ аз буҳронҳои дохилии Амрико аст .
Гузориши ахир « маркази Stimson » низ ин арзёбиро таъид мекунад ва ҳушдор медиҳад ки ҳаргуна иқдоми низомӣ алайҳи Венесуэла « ба ташдид бесуботӣ , афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва мавҷи ҷадидӣ аз муҳоҷират дар минтақа мунҷар хоҳад шуд . » Дар ин миён , Марко Рубио вазири хориҷа ва аз чеҳраҳои аслии ҷиноҳи тундрави Ҷумҳурихоҳон , нақши меҳварӣ дар пешбурди ин хати мишӣ ифо мекунад ; Ӯ ки аз даврони ҳузур дар конгрессхоҳони тағйири режим дар Каракас буд , акнӯн бо такя бар ихтиёроти дипломотики худ дар Вазорати хориҷа , дар пай « бозтаърифи назми ним караи ғарбӣ »аст . Рубо дар нишасти ахири Кумитаи равобити хориҷии Конгресс тасреҳ карда ки « сиёсати мумошот дар қиболи диктаторҳои сотсиалист поён ёфтааст » .
Дар муқобил , шуморе аз қонӯнгузорони ҳар ду ҳизб дар Конгресс , машрӯъияти ҳуқуқии чунин иқдомиро зери савол бурдаанд ва ёдовар шудаанд ки раис ҷумҳӯр наметавонад бидӯни муҷаввизи расмии Конгресс , вориди ҷангӣ тоза шавад .
Samuel Reinaldo Moncada сафири Венесуэла дар Созмони Милал , дар номае ба шӯрои амният , Иёлоти Муттаҳидаро ба « қатли 27 ғайринизомӣ дар обҳои байналмилалӣ » муттаҳам карда ва хостори маҳкӯмияти ҷаҳонии ин ҳамалот шудааст , ӯ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хоста то бар « асли эҳтиром ба ҳокимияту истиқлоли сиёсии кишварҳо » пофишорӣ кунад .
Аз манзари торихӣ , бисёре аз пажӯҳишгарони сиёсати феълӣ Трамп ва Рабиоро идомаи таҳоҷумӣ « докторини Roosevelt » медонанд . Greg Grandin менависад : « Вашингтон ҳатто дар давраҳои мавсӯм ба инзивоталабӣ низ аз мудохила дар Амрикои лотин даст накашидааст ; аз Ҳондурас ва Никарагуа то Ҷумҳурии Доминикан , ради пои артиши Амрико ҳамеша боқӣ мондааст . »
Дар воқеъ , ончӣ имрӯз дар дарёии Караиб ҷараён дорад , такрори ҳамон улгӯӣ ошно аст . Мудохилаи низомӣ ба номи амнияти миллӣ , аммо бо аҳдофи жиополетикӣ ва интихоботӣ аст . Ба боварии Деннис М Ҳогон устоди донишгоҳи Ҳарвард , чунин ҷанги ҳеҷ дастоварди пойдорӣ барои Иёлоти Муттаҳида надорад ва танҳо меросӣ аз ранҷ , бесуботӣ ва хашм бар ҷой мегузорад . Таърихи Амрикои лотин нишон додааст ки ҳар бори Вашингтон ба номи озодӣ , ҳокимияти кишвариро зер по гузошта , натиҷаи чизе ҷузъ нафрату вайронӣ набӯдааст .
Your Comment